Менюи шумо

Пушидан
§ 7.5 Рӯйхатҳои таркибӣ

§ 7.5 Рӯйхатҳои таркибӣ

Дилхоҳ рӯйхат метавонад дар дохили
рӯйхати дигар ҷойгир шуда, қисми он ё тобеъи он бошад.
Рӯйхатҳои дохили ҳамдигарро рӯйхатҳои таркибй ё мураккаб,
рӯйхатхои тобеъро зерӯйхат ё рӯйхати дохилй, руйхатхои
дарбаргирандаи дигар руйхатҳоро руйхатҳои берунй меноманд.
Барои аёнтар нишон додани сатҳи рӯйхатҳои таркибй руйхатҳои
дохилиро нисбат ба руйхатҳои берунй бо фосила менависанд.
Масалан, санади HTML, ки дар шакли барномаи зерин оварда
шудааст, инъикоси ду сатҳи руйхатҳоро таъмин менамояд:

<HTML> 

<HEAD> 

<TITLE>Баъзе маълумотҳо</TITLE> 

</HEAD> 

<OL>

<UL>Сомонаро асосан идора мекунанд

<LI>Шаҳриёр M.

<LI>Ҳомидҷони M.

</UL> 

<UL> Сомонаҳое, ки партнёри сомонаи мо ҳастанд

<LI>Tajhack.tk

<LI>Tajvip.tk

</UL> 

</OL> 

</HTML>

*
Хангоми инъикоси руйхатҳои таркибии нишонадор барномаи
браузерй ба таври худкор пеш аз ҷузъҳои ин руйхатҳои сатҳашон
гуногун, бо истифода аз навъҳои гуногуни нишонаҳо,
нишонагузорй менамояд. Барои руйхатхои ракамноки таркибй
бошад, мутаассифона браузер навъи додашудаи ракамгузориро
иваз намекунад. Ба таври пешфарз ҳар кадом сатҳи руйхатҳо танҳо
бо ёрии рақамхои арабй рақамгузорй карда мешаванд. Барои
тағйир додани формата ракамгузории руйхати таркибй аз хосияти
TYPE истифода бурдан лозим аст.

<HTML> 

<HEAD> 

<TITLE>Баъзе маълумотҳо</TITLE> 

</HEAD> 

<OL TYPE=I> 

<LI>Сомонаро асосан идора мекунанд</LI> 

<OL>

<LI>Шаҳриёр М.

<LI>Ҳомидҷони М.

</OL> 

<LI >Сомонаҳое, ки партнёри сомонаи мо ҳастанд

<OL>

<LI>Tajhack.tk

<LI >Tajvip.tk

</OL> 

</OL> 

</HTML>

*
Фикрҳо (0)
Рейтинги мақола: (+0|-0)
[+ Аҷоиб | Баъд -]
Муаллиф: ShahRiYoR
Илова шуд: 27 Авг 2017 в 13:10
Категория: Дарси 1-ум
Дида шуд: 919
Пайванд:
BB кодҳо:
HTML :
Мақолаҳо
ОНЛАЙН: 10/3
Одамони имрӯза (0) Имрӯз даромада (1)
Ҳамаи одамон (103) Статистика
Маъмурият Харидани реклама