Менюи шумо

Пушидан
§ 4.3 Ҷузъҳои форматбандии мантиқӣ

§ 4.3 Ҷузъҳои форматбандии мантиқӣ

Ҷузъҳои форматбандии мантиқии қисмҳои матн ва оройиши
имконпазири ҳар кадоми онхо дар поён навишта шудааст:

<CITE> Барои ҷудокунии иқтибосҳо ё номи китобу маҷаллаҳо </CITE>

<CODE> Барои ҷудокунии ҳиссаи начандон калони рамзи броузер</CODE>

<ЕМ>Барои чудокунии кисмхои начандон муҳими матн</EM>

<KBD> Барои чудокунии матни аз клавиатура дохилкардаи корбар</KBD>

<SAMP> Барои ҷудокунии матни дар мисол овардашуда</SAMP

<STRONG>Барои ҷудокунии қисмҳои басо муҳими матн<STRONG>

<VAR> Барои ишораи номи тағйирёбандаҳо </VAR>

<STRIKE>Барои ишораи атри хатзадашуда</STRIKE>

Аз тегҳои болоӣ ба осонй дидан мумкин аст, ки
натиҷаи амалӣ ҳамаашон қарибки якхелаанд.
Пас ин қадар гуногуншакли барои чист?
Ҷавоби ин саволро дар номи ин гурӯҳи тегхо ҷустан лозим аст.
Онхо барои ҷо ба ҷо гузории заддахои мантиқй, ҷудокунии қисмхои мантиқӣ ва қайди мазмун ва моҳияти матни санад пешбинй шудаанд. Татбиқ
ва истифодаи ин тегҳо хеле муҳим аст, чунки шояд дар ояндаи
наздик ҷустуҷӯи иқтибосҳо дар вебфазо имконпазир гардад ва ё
шояд браузерҳои наслҳои оянда санадҳоро бо садо хонанд. Шояд
барномахое, ки заддаҳои мантиқиро фарқ карда метавонанд,
протсессорхои сухангуйи имрузаро иваз намоянд.
Дар HTML барои аз матни асосй ҷудо кардани иқтибосҳои
дароз теги <BLOCKQUOTE> хизмат мерасонад. Ин ҷузъ
контейнер буда, метавонад тегҳои форматбандии дилхохро дарбар гирад.
Браузерҳои муосир дар ҷавоб ба амали ҷузъи
<BLOCKQUOTE> матни иқтибосро аз тарафи роста равзана ҷойгир менамоянд. Баъзе барномаҳои матнии намойиши
абарсанадҳо бошанд, иқтибосро бо аломатхои > ишора карда, аз
тарафи чапи равзана чойгир мекунанд. Азбаски ҳоло аксар
браузерҳо барномаҳои графикианд, бинобарон ҷузъи
<BLOCKQUOTE> ба муаллифони санадхо имконият медихад, ки
ба матн баъзе гуногуншаклии муойинашавандаро (визуалй) низ
ҳамрох намоянд.
Фикрҳо (0)
Рейтинги мақола: (+0|-0)
[+ Аҷоиб | Баъд -]
Муаллиф: ShahRiYoR
Илова шуд: 22 Авг 2017 в 13:32
Категория: Дарси 1-ум
Дида шуд: 583
Пайванд:
BB кодҳо:
HTML :
Мақолаҳо
ОНЛАЙН: 10/1
Одамони имрӯза (0) Имрӯз даромада (0)
Ҳамаи одамон (101) Статистика
Маъмурият Харидани реклама
Футболка Визы (2) Футболка женская с принтом Визы (2)
BuyJust.ru
Купить с доставкой
Купить одежду с принтом в г. Мостовской