Менюи шумо

Пушидан
Одежда, аксусуары, электроника, техника и многое другое в Сычевке Одежда, аксусуары, электроника, техника и многое другое в Сычевке

Каталог товаров sychevka.BuyJust.ru
§ 3.1 Рангубори сомона

§ 3.1 Рангубори сомона

Wмастерон сомонаҳояшонро мувофиқи завқу шавқалоро оро дода метавонанд. Барои ин аз ҷадвали рангҳо истифода бурдан лозим. Агар сомонасоз саҳифаи интернетиашро рангубор накарда бошад, пас онҳо ва ороишоти рангии саҳифаро ба таври худкор браузер ба ӯҳда мегирад. Истифодаи ягон ранг дар сомонасозӣ манъ карда нашуддаст. Вале санад бояд тавре оройиш дода шавад, ки ҳангоми истифодаи
он хонанда ё бинанда нороҳати ҳис накунад, чашмонаш зуд монда
нашаванд, асабхояш таскин ёбанд. Хднгоми аз маҷмӯи (палитраи)
рангхо интихоб намудани ранги мушаххас кушиш кардан лозим
аст, ки ранги замина (фон) бо ранги матн муқобили ҳамдигар бошанд.
Масалан, сиёҳ ва сафед. Интихоби рангхои ба хам наздик,
метавонанд ба саломатй ва дарачаи биноии инсон таъсири манфй
расонанд. Рангхо ё бо ёрии номашон (масалан, blаck- сиёҳ) ва ё ба
воситаи рамзашон (масалан, #С0С0С0- ракамхои шонздахй) дода мешаванд.
Интихоби рамзи ранг тавассути модели R G B (red, green,
blue) амалӣ гардонида мешавад. Мувофиқи услуби ин модел ҳар як ранг аз ҳисоби омезиши се ранги асосй- сурх (red), сабз (green) ва кабуд (blue) ҳосил мешавад. Яъне ҳар як коди ранг аз 6 символ иборат буда ду символи аввала сурх ду символи мобайн сабз ва ду символи охирин кабудро ифода мекунад.

Баъд аз он ин символҳо (рамзхо) якчоя карда шуда, дар наздашон аломати панҷара (#) гузошта мешавад. Бояд хотиррасон намуд, ки қисми зиёди
барномаҳои браузери рамзи рангро бе аломати # низ муайян карда метавонанд.
Қайд кардан, лозим аст, ки дар навишти рамзи
рангҳо ҳарфхои хурду калони лотинй хаммаъно мебошанд. Масалан, рамзҳои #ffffff ва #FFFFFF баробарқувваанд.
Дар сомонаи мо рамзи зиёда аз 160 ранг навишта шудааст. ( Дидан )

Барномахои браузерӣ бошанд, зиёда аз 140 рангро
шинохта, бо онҳо кор карда матавонанд. Боқи монда рангҳоро ба дигар ранги ба ҳамон монанд табдил дода дар экрани Шумо инъикос мекунанд.
Ранги аз ҳама бенур бо 00 ва аз ҳамма банур бо FF ишора карда мешавад.
Дар поён банур ё бенурии рангҳои шонздаҳӣ бо фоиз навишта шудааст:

Рамзи 00=0%

Рамзи 33=20% 

Рамзи 66=40%

Рамзи 99=60% 

Рамзи СС=80%

Рамзи FF=100%
Фикрҳо (0)
Рейтинги мақола: (+1|-1)
[+ Аҷоиб | Баъд -]
Муаллиф: ShahRiYoR
Илова шуд: 20 Авг 2017 в 12:03
Категория: Дарси 1-ум
Дида шуд: 739
Пайванд:
BB кодҳо:
HTML :
Мақолаҳо
ОНЛАЙН: 10/4
Одамони имрӯза (0) Имрӯз даромада (0)
Ҳамаи одамон (105) Статистика
Маъмурият Харидани реклама