Менюи шумо

Пушидан
§ 2.2 Сарлавҳаи санад

§ 2.2 Сарлавҳаи санад

Дар сохтори санад мавҷудияти қисми якуми
он, яъне сарлавхаи санад, ҳатмй намебошад. Вазифаи сарлавҳа
асосан аз пешниходи баъзе иттилоот ба браузер ва сервери HTTP
иборат аст. Иттилооти дохили сарлавҳа, ба истиснои номи санад,
аслан ба экран бароварда намешавад. Сарлавхаи санад бо теги
<HEAD> кушода мешавад. Одатан он баъди теги <HTML> меояд.
Теги анчоми сарлавха </HEAD> мебошад. Дар байни тегҳои
<HEAD> ва </HEAD> дигар тегхои сарлавха ҷой дода мешаванд.
Дар бисёр мавридҳо сарлавҳаи санад ҷуфти тегхои <TITLE>
ва </TITLE>-po дар бар мегирад, ки тавассути онҳо номи санад
зикр карда мешавад. Номи санад бояд дар байни тегҳои oғоз ва
анҷом ҷойгир шавад. Барномахои намойишй (браузерхо)
номи санадро хамчун номи равзанаи санад қабул карда, онро ба
экран мебароранд. Барномахои шабакавй ва санадҳои абарматни
дар шабака бакайдгирифташуда бошанд, номи санадро барои
шинохт ва номгузории (идентификатсияи) вебсаҳифа (Web-саҳифа)
истифода мебаранд. Аз ин ру, санад бояд хуб номгузорй гардад,
яъне он бояд дароз набошад, мазмуни саҳифаро дуруст ифода
намояд ва дар сатри сарлавҳаи равзана ғунчад.



<HTML>

<HEAD>

<TITLE>

Liderok - Сомонаи мастерон ва хакерони тоҷик!...

  </TITLE>


</HEAD>

<BODY>

...

</BODY>

</HTML>
Фикрҳо (0)
Рейтинги мақола: (+0|-0)
[+ Аҷоиб | Баъд -]
Муаллиф: ShahRiYoR
Илова шуд: 19 Авг 2017 в 10:51
Категория: Дарси 1-ум
Дида шуд: 509
Пайванд:
BB кодҳо:
HTML :
Мақолаҳо
ОНЛАЙН: 10/1
Одамони имрӯза (0) Имрӯз даромада (0)
Ҳамаи одамон (101) Статистика
Маъмурият Харидани реклама
Свитшот Год петуха — 1969 Свитшот для девочек с принтом Год петуха — 1969
BuyJust.ru
Купить с доставкой
Купить одежду с принтом в г. Новоселово