Менюи шумо

Пушидан
§ 1.3 Санади абарматнӣ

§ 1.3 Санади абарматнӣ

Санади абарматнй парвандаи матнй буда, бо ёрии ишоратхои
махсус сохта мешавад, ки онхоро тег мегуянд. Ба воситаи тегхо
сарлавхаи санадро аз матни асосии он ҷудо карда навиштан,
хуруфхои матн ва заминаи сатрҳои санадро бо рангҳои гуногун
оройиш додан, андоза ва тарзхои зохиршавии ҳарфҳоро
форматбандй кардан ва амалхои зиёди дигарро ба сомон
расонидан мумкин аст. Дар санади абарматнй тасвирҳои графикй
ва ҷадвалҳои характери гуногундоштаро чойгир намудан
имконпазир аст. Санадхои абарматниро танхо браузерхо истифода
бурда, мазмуии парвандаи онхоро дар экранй компютер ё телефон инъикос
карда метавонанд.
Афзалияти абарматн аз матни мукаррарй дар он аст, ки дар
абарматн пайванд ва абарпайвандхо истифода бурда мешаванд.
Абарпайванд конструксияи махсуси забони HTML буда, бо ёрии он
абарматнй як санад бо абарматнхои санадхои дигар имконияти
пайваст шуданро пайдо менамояд. Ҳангоми ба абарпайванд
тавассути муш таъсир расонидан, гузариш аз санади чорй ба
санади дигар ба вуҷуд меояд, ки суроғаи он бо тарзи махсус дар абарпайванд маҳфуз аст. Дар натиҷа абарматни санади аввала бо абарматни санади дуюм пайванд мегардад. Санади дуюм низ, дар навбати худ, метавонад бо ёрии абарпайвандхои абарматни худ бо абарматнхои санадхои дигар пайваст шавад ва ғайра. Маҳз аз руйи ҳамин принсип санадхои мазмун ва табиати гуногундоштаи шабакаи Интернет байни хамдигар пайванд мегарданд ва миллионхо нафар одамони кураи Замин аз онҳо ҳар лаҳза истифода мебаранд.
Фикрҳо (0)
Рейтинги мақола: (+0|-0)
[+ Аҷоиб | Баъд -]
Муаллиф: ShahRiYoR
Илова шуд: 19 Авг 2017 в 08:52
Категория: Дарси 1-ум
Дида шуд: 639
Пайванд:
BB кодҳо:
HTML :
Мақолаҳо
ОНЛАЙН: 10/2
Одамони имрӯза (0) Имрӯз даромада (1)
Ҳамаи одамон (103) Статистика
Маъмурият Харидани реклама